ТЕМУРМАЛИК АЗ ДИДГОҲИ Б. Ғ. ҒАФУРОВ (Нақде ба пажўҳишҳои Б. Ғ. Ғафуров дар бораи Темурмалик ва ҳодисаи Хуҷанд) "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бойматов Л.Д.pdf)Бойматов Л.ДТЕМУРМАЛИК АЗ ДИДГОҲИ Б. Ғ. ҒАФУРОВ (Нақде ба пажўҳишҳои Б. Ғ. Ғафуров дар бораи Темурмалик ва ҳодисаи Хуҷанд) "46

 


МУАЛЛИФ(ОН): Бойматов Луқмон Дадобоевич



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар ин навиштор шаклгирӣ ва таҳаввули андешаҳои таърихии академик Бобоҷон Fафуров дар бораи ҷойгоҳи Темурмалик мавриди нақд ва баррасӣ қарор гирифтааст.  Қайд  шудааст, ки мавзӯи таърихи дифои Хуҷанд аз лашкари муғул ва таъйини нақши таърихии Темурмалик дар ин мубориза аз ҷониби академик Б.Ғафуров бори нахуст бо ҳамкории А. Прохоров дар китоби «Таджикский народ в борьбе за свободу и независимость своей родины» ироа гардида буд. Баъди ин дар тӯли беш аз 30 сол дидгоҳи Б. ғ. ғафуров дар қазияи ҷойгоҳи таърихии Темурмалик дар осори илмии минбаъдаи эшон - «Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна», «Тоҷикон» ва ғ.ифода ёфтаанд. Собит мешавад, ки дидгоҳи қатъӣ ва ниҳоии Б. ғ. Гафуров пиромуни ҷойгоҳи таърихии Темурмалик дар китоби «Тоҷикон» баён шудааст, ки мардуми Хуҷандро омили аслии созмондиҳандаи  ин  мубориза  дониста, ҳамзамон Темурмаликро, сарфи назар аз хостаҳои ғоявии ҳокими вақт, ба унвони қаҳрамони беназари таърихи миллӣ муаррифӣ намудааст. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Темурмалик, таърихи Хуҷанд, таърихи истилои муғул, таърихи Хоразмшоҳон, Бобоҷон Fафуров.