2021 сол
ОМӮЗИШИ КОНВЕРГЕНТИИ ТЕХНОЛОГИЯИ КАСБӢ ВА ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ
МУАЛЛИФ(ОН): Сатторов Абдурасул Эшбекович, Махмадалиев Эраҷ Шукурлоевич
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола омӯзиши конвергентӣ ва усулҳои истифодаи он ҳамчун шакли тағйирёбандаи сохтори таълимии фанни технология пешниҳод гардидааст.Қайд карда мешавад, ки истифодаи муносибати муназзами фаъолият ба таълими конвергентии информатика ва технология дар назди донишҷӯён талаботи комилан нав мегузорад. Тазаккур меравад, ки б арои донишҷӯён бо тарзи одӣ аз худ кардан ё аз ҳифзи муҳтавои маводи назариявӣ кофӣ нест, онҳо бояд ҳангоми дарсҳои таҷрибавӣ онро дарк карда, коркард намуда, дубора афзоиш диҳанд. Аз ин рӯ, асоси дарсҳои таълими технология азхудкунии кӯркӯронаи иттилоотро намеписандад, балки қобилияти баланди коркард ва дар амал татбиқ кардани онро тақозо менамояд.Ташкили дарси технология тавассути фановариҳои иттилоотӣ аз дарсҳои фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ бо он фарқ мекунад, ки ҳамкории фаъолияти назариявӣ ва амалии донишҷӯён дар озмоишгоҳҳои таълимӣ нисбатан зиёдтар аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
раванди таълим,омӯзиши конвергентӣ, технологияҳои иттилоотӣ, амалиёти технологӣ, усули инноватсионӣ, фаъолгардонии донишҷӯ.