ТАШАККУЛИ ОМОДАГИИ ОМЎЗГОРОН БА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР МУАССИСҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Саидзода М.С. Деҳқонова С.К..pdf)Саидзода М.С. Деҳқонова С.К.ТАШАККУЛИ ОМОДАГИИ ОМЎЗГОРОН БА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР МУАССИСҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ45

 


МУАЛЛИФ(ОН): Саидзода Мушараф Саид, Деҳқонова Саида Келдибоевна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба яке аз мавзуъҳои рӯзмарраи педагогикаи муосир оид ба хусусиятҳои ташаккули омодагии омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бахшида шудааст. Муаллиф андешаҳои олимонро ба таври дуруст ҷой додааст, ки муаллим дар низоми таълимии муосир ҳамчун ҳамсуҳбат, коршинос, мураббӣ, муҳаққиқ, роҳнамо шинохта мешавад. Инчунин муаллиф шароити истеҳсолии таҳияи механизмҳои татбиқи дастгирии омодасозии омӯзгорро ба фаъолияти инноватсиониро номбар кардааст. Дар мақола таъкид меравад, ки идоракунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд ба принсипҳое асос ёбад, ки мувофиқи он ҳамаи иштирокчиёни соҳаи таҳсилоти иловагӣ дар фаъолияти равандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷалб карда мешаванд.ҳамчунин муаллиф қайд менамояд, ки дар соли 2020 дар низоми таҳсилоти иловагӣ муттаҳидсозии расмиёти ғайрирасмии такмили ихтисоси муаллимон дар назар аст, аз ҷумла таҳияи маводҳои таълимӣ-методӣ ва таълимӣ-дидактикӣ пешбинӣ шудааст; ташкили маркази мураббиён барои курсҳои модулӣ; тасаввурот оид ба озмунҳои малакаҳои касбии маводи илмӣ-амалӣ; ташкили пойгоҳҳои компютерии рақамӣ барои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва ғайра. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

омодагии омӯзгор, фаъолияти инноватсионӣ, таҳсилоти иловагӣ, талаботи фарҳангӣ, навсозии таҳсилот, технологияи педагогӣ, омодагии касбӣ.