2021 сол
ТАЪРИХ ВА ТАШАККУЛИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГӢ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАЛЛИФ(ОН): Азизов Шерзод Юсуфович
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола оид ба масъалаи таърих ва ташаккули таълими фанни “Технология (таълими меҳнат)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳс менамояд. Муаллиф нахуст дар бораи таърихи ҳунар ва ҳунармандии халқи тоҷик ёдовар шуда, оид ба мактаби “устод-шогирд” ва анъанаҳои халқӣ маълумои арзишманд пешниҳод менамояд. Се давраи асосии ташаккули таълими меҳнат инъикос гардидааст, ки аз давраи пайдоиш то Инқилоби Октябр, давраи таълими меҳнат дар замони Иттифоқи шӯравӣ ва омӯзиши касбу ҳунар дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Тазаккур меравад, ки ҳар яке аз ин давраҳо боз ба чандин марҳилаҳо тақсим мешавад.Муаллиф доир ба муаммои мавҷудбудаи соҳа дар солҳои гуногун ибрози ақида намуда, таъкид мекунад, ки тағйир ёфтани барномаҳои таълим ва мазмуну мундариҷаи фан барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мушкилиҳои зиёдро ба бор оварда буд. Махсусан ба кам гардидани соати дарсии фанни технология таъкид рафтааст. Новобаста ба ин ояндаи фани “Технология”-ро дурахшон арзёбӣ кардааст. Дар охир барномаҳои таълим, ҳуҷҷатҳои вобаста ба раванди таълими технологӣ, китобҳои дарсӣ, ақидаҳои олимони соҳа таҳлил ва баррасӣ гардида, чанд муаммои мубрам баён гардида, хулосабандӣ шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таълими меҳнат, касбу ҳунар, ҳунармандӣ, устод-шогирд, мактаб, технология, барномаи таълим.