2021 сол
ТАШХИСИ ПЕДАГОГӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРИ МАТЕМАТИКА
МУАЛЛИФ(ОН): Сатторов Абдурасул Эшбекович, Ҳайдарова Мухбира Салимҷоновна, Шафиев Зафарҷон Қурбонбоевич
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар рафти таҳқиқи хусусиятҳои объект ва ҳадафи ташхиси педагогӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ба хулосае меоем, ки моҳияти ташхиси педагогӣ дар намуди умумӣ, яъне бидуни алоқа ба соҳаи дониш, бояд ҳамчун амалиёти маърифатӣ баррасӣ карда шавад. Аз ин нуқтаи назар, ба ҳайси объектҳои ташхис низомҳои «табиати дуюм» баромад мекунанд. Ба он низомҳое мансубанд, ки аллакай ба хидмати ҳадафҳои инсон гузошта шудаанд, бо меҳнати ӯ тағйир ёфтаанд, ба робита ва муносибатҳои иҷтимоӣ дохил карда шудаанд ва аз ҷониби инсон бошуурона назорат карда мешаванд.Дар намуди умумӣ объектҳои мавриди ташхиси педагогиро, ки ба ҳайси онҳо низомҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд, ҷудо намуда, воситаҳои амалии танзиму идоракунии ин низомҳоро, ки таҳти назорати инсон фаъолият мекунанд, ба вуҷуд овардан лозим аст.Ҳамин тариқ, ташхиси педагогиро ҳамчун амали маърифатӣ баррасӣ намуда, зарурати татбиқи амалии онро дар намуди воситаҳои мувофиқ қайд мекунад, яъне ташхиси педагогӣ метавонад дар доираи фаъолияти илмию амалие татбиқ гардад, ки ба низомҳои ба объектҳои идоракунии инсон табдил ёфта, нигаронида шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ташхис, ташхиси педагогӣ, фаъолияти касбӣ, низом, алоқаи хурд мутақобила, педагогика, дидактика, таҳлил, фардият, усулҳо.