2021 сол
"СУҒД ДАР АСРИ VIII: БАЙНИ ХИЛОФАТИ АРАБ ВА ИМПЕРИЯИ ТАН "
МУАЛЛИФ: Раҳимов Набиҷон Турдиалиевичо
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таърихи сиёсии Суғдиасри VIII бахшида шудааст. Ин давраи мушкиле буд, ки Вароруд дар байни ду давлати абарқудрати замон қарор дошт. Аз тарафи ғарб ба Осиёи Миёна арабҳо, аз шарқ бошад қӯшуни империяи Тани Хитой ворид шуда буданд. Мубориза барои соҳибӣ дар Роҳи абрешим мерафт. Суғд дар миёни ин роҳ қарор гирифта, суғдиён дар тиҷорати байналхалқӣнақши асосиро иҷро менамуданд. Муаллиф вазъияти геополитикии «Бозии азим»-и асри VIII-умро нишон додааст. Дар чунин вазъият хокимони Суғд маҷбур шуданд, ки байни ду давлат роҳи худро ёбанд. Дар мақола муборизаи суғдиён ва иттифоқчиёни онҳо - туркҳо,Чоч, Фарғона, бар зидди аҷнабиёни араб нишон дода шудааст. Дар соли 751 муҳорибаи хунини Талас байни Хилофати араб ва империяи Тан баргузор гардид, ки он тақдири Мовароуннаҳрро ҳал намуд. Суғд ба ҳайати Хилофати Араб дохил шуд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Суғд, Хилофати Араб, Империяи Тан, «Бозии азим», Роҳи Абрешим, муҳорибаи Талас.