2021 сол
"РОҶЕЪ БА ВАЗЪИ СИЁСИИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР ЗАМОНИ ҲУКМРОНИИ АМИР НАСРУЛЛОҲ (СОЛҲОИ 1826-1860)"
МУАЛЛИФОН: Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло, Давлатов Муллошо
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола ҷузъиёти ба сари тахт омадани амир Насруллоҳ, аввалин тадбирҳои ў баҳри мутамарказ намудани ҳокимият дар аморати Бухоро баррасӣ шудаанд. Таъкид мегардад, ки амир Насруллоҳ барои бартараф намудани ҷудоиандозиҳои музофотҳои алоҳида, махсусан Шаҳрисабз ва Китоб тадбирҳо андешидааст. Сиёсати амир баҳри муттаҳид намудани Мовароуннаҳр ва Хоразм равона гашта буд. Фаъолияти ислоҳотгарии амир Насруллоҳ махсус таъкид мегардад. Дар натиҷаи ислоҳотҳо аз қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба идоракунии давлат ҷалб гаштанд. Ислоҳоти ҳарбӣ натиҷаи хуб дод ва қудрати ҳарбии мамлакат мустаҳкам гашт. Дар мақола рақобат байни хонигариҳои Осиёи Миёна, алалхусус Бухорову қўқанд баррасӣ гаштаанд, ҷузъиёти юришҳои ҳарбии амир Насруллоҳ ба музофотҳои сарҳадӣ ва ишѓоли шаҳри қўқанд муфассал баён гаштаанд, ки дар натиҷаи он Мадалихон ва аҳли оилааш ба қатл расонида шуд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Бухоро, амир, муносибати сиёсӣ, идоракунии давлатӣ, ислоҳоти ҳарбӣ, рақобати хонигариҳо.