НАҚШИ ТАҶРИБАОМӮЗИҲОИ ТАЪЛИМИИ САҲРОӢ ВА КОМПЛЕКСИИ ГЕОГРАФӢ ДАР ТАШАККУЛИ ҲИССИ ВАТАНДЎСТИИ ДОНИШҶЎЁН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Дадобоева Н.Н., Ҳайдарова М.М...pdf)Дадобоева Н.Н., Ҳайдарова М.М...pdfНАҚШИ ТАҶРИБАОМӮЗИҲОИ ТАЪЛИМИИ САҲРОӢ ВА КОМПЛЕКСИИ ГЕОГРАФӢ ДАР ТАШАККУЛИ ҲИССИ ВАТАНДЎСТИИ ДОНИШҶЎЁН35

 


МУАЛЛИФОН: Дадобоева Нодирахон Нуруллоевна, дотсенти кафедраи геоэкология ва методикаи таълим он; Ҳайдарова Мавзуна Маҳмудҷоновна; омӯзгори кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути таҷрибаомӯзии таълимии саҳроӣ ва комплексӣ бахшида шудааст. Муаллифон дар мақола раванди ташаккулёбии ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро дар донишҷӯён тавассути таҷрибаомӯзиҳои саҳроӣ ва комплексӣ, ки дар ҷамъи алоқаҳои дохилӣ ва берунаи нишондиҳандаҳои меъёрии ҷузъҳои он: маърифатӣ (дарки мафҳуми Ватан, донистани география, таърих, анъанаҳо, муқаддасот); ҳиссиётӣ (дараҷаи шинохти худ ҳамчун шаҳрванд ва шахси ватандӯст; арзёбии фаъолият ва рафтори худ нисбат ба онҳо; аксуламали эмотсионалӣ вобаста ба мафҳуми Ватан); фаъолнокӣ дар амал (саҳм дар фаъолияти иҷтимоӣ; зоҳир намудани мустақилият, ташаббускорӣ нисбат ба Ватан) зоҳир мегардад, инъикос намудаанд. Дар мақола таъкид мегардад, ки раванди таълим дар таҷрибаомӯзиҳои саҳроӣ ва комплексӣ тавассути фаъолияти мақсадноки оила, муассисаи таълимӣ, масъулони ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда, объектҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шуда, бевосита дар мавзеъҳои табиӣ ва корхонаҳои иқтисодӣ сурат мегирад ва бевосита ландшафти табиӣ, минтақаҳои мухталифи иқлимӣ, релефи гуногун, технологияи истеҳсолот диққати муҳассилинро ба худ ҷалб менамоянд.Ба андешаи муаллифон табиат дар канори муҳити таълимӣ воситаи самараноки таълим ва тарбия маҳсуб ёфта, имкониятҳои пуриқтидори педагогии дар донишҷӯён ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро доро аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таҷрибаомўзии таълимӣ, таҷрибаомўзии таълимии саҳроӣ ва комплексии географӣ, омилҳои таъсиррасон дар ҷараёни навъҳои гуногуни тачрибаомўзиҳо, арзишҳои милливу маънавӣ, ҳисси ватандўстӣ, педагогика, табиати кишвар, ҷавонони муосир, афкори худшиносӣ ва ватан