НИЗОМИ ТАЪЛИМИ МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ НУТҚ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ РУСИИ СИНФҲОИ ИБТИДОИИ ОМӮЗИШАШОН БО ЗАБОНИ МОДАРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бойтемиров Р.М...pdf)Бойтемиров Р.М...pdfНИЗОМИ ТАЪЛИМИ МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ НУТҚ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ РУСИИ СИНФҲОИ ИБТИДОИИ ОМӮЗИШАШОН БО ЗАБОНИ МОДАРӢ36

 


МУАЛЛИФ: Бойтемиров Рустамҷон Мавлонқулович, сармуаллими кафедраи адабиёти рус ва хориҷии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан аз боби ташаккули маҳорату малакаҳои ибтидоии нутқи хонандагон ҳангоми омўзиши забони русӣ дар мактабҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ меравад. Зикр мешавад, ки комёб шудан ба малакаҳои гуфтор дар заминаи амалӣ гардидани ҷузъҳои таркибии фаъолияти нутқ (шунидан, гап задан, хондан ва навиштан) муяссар мешавад. Собит мешавад, ки дар пайвастагӣ бо риояи қонуну қавоиди талаффузи овозҳои забони русӣ, гузориши дурусти зада, захираи луғат, машқҳои шифоҳӣ ва хаттӣ имкони рушди нутқи алоқаманди шогирдон дар рафти дарсҳои забони русӣ муяссар мегардад. Муаллиф қайд мекунад, ки муваффақиятҳо дар ташаккул ва ва рушди малакаҳои нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ бештар аз маҳорати муаллим вобаста аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

забони русӣ, таълим, омӯзиш, нутқ, инкишоф,талаффузи нутқ, фаъолият, калима, ҷумла, машқ, айёният, тасвир, акс, талаффуз, иртиботи нутқ