2021 сол
ДОИР БА БАРХЕ МАСЪАЛАҲОИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ МАВҚЕИ ҲАЁТИ ФАЪОЛ ВА ОГОҲОНАИ МАКТАББАЧАГОН
МУАЛЛИФ: Раҳматуллоев Набиҷон Разоқович, саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мақоми шуур ва тарзи ҳаёти бошуурона дар ташаккули мавқеи фаъолонаи ҳаёти одам-гурӯҳи иҷтимоии ҷомеа мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар ҳамин замина ташаккули мавқеи фаъолона ва бошууронаи мактаббачагон мадди назари муаллиф қарор гирифтааст. Нақш ва ҷойгоҳи донишҳои ҳаётӣ ва китобӣ, мавқеъ ва мақоми китоб, китобхона, китобхонӣ, шавқу рағбат нисбат китобхонӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар як вақт нақш ва мақоми иттилоотии соҳаҳои гуногуни ҳаёт, саводнокии компутерӣ, техника ва технологияи иттилоотӣ мавриди тадқиқ гардидааст. Дар ташаккули мавқеи фаъолона ва бошууронаи ҳаётӣ мақоми илму маориф, ҳамкории судманди байни онҳо, нақш ва ҷойгоҳи навгониҳои илмӣ, ҳамкории судманди байнамиллалӣ дар соҳаи илму маориф ҳамчун заминаи пешравии аҳли башар дар ин самт арзёби гардидааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
мавқеи фаъолонаи ҳаёт, шуур, донишҳои китобӣ, донишҳои ҳаётӣ, тарзи ҳаёти бошуурона, иттилоот, ташкил ва технологияи компутерӣ, саводнокии компутерӣ