ҶУСТУҶӮҲО ОИД БА МОҲИЯТИ НАМОДШИНОСИИ СЕМИОТИКӢ ДАР ЭҶОДКОРИИ НУТҚ: МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА АМАЛИЯИ ЭҶОДИИ НУТҚ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Искандарова М.Н., Қобилова М.М...pdf)Искандарова М.Н., Қобилова М.М...pdfҶУСТУҶӮҲО ОИД БА МОҲИЯТИ НАМОДШИНОСИИ СЕМИОТИКӢ ДАР ЭҶОДКОРИИ НУТҚ: МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА АМАЛИЯИ ЭҶОДИИ НУТҚ35

 


МУАЛЛИФОН: Искандарова Мадина Набиевна, дотсенти кафедраи инкишофи нутқи хаттӣ ва даҳонии забони русӣ; МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”; Қобилова Мадина Мухторовна, докторант(PhD)-и кафедраи забони муосири русӣ ва забоншиносии умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола мушкилоти асосии омӯзиши забони русӣ дар донишгоҳ, мафҳум ва намунаҳои ташкили оқилонаи низоми таълими ба шахсиятнигаронидашуда, масъалаҳои марбут ба сатҳи аввалияи дониш, мушкилоти мубрам ва дурнамои таълими забонҳои хориҷӣ, ки дар заминаи технологияҳои инноватсионӣ дар миқёси Аврупо маънои принсипан нав пайдо мекунанд, баррасӣ шудаанд. Хотирнишон мешавад, ки ниёзи вижа ба ба муоширати байналмилалӣ, иттилоот ва дарки мутақобил дар ҷаҳорчӯби ин талабот, пеш аз ҳама, аз ҷанбаҳои нави раванди ҳамгироӣ ва хоҳиши муштарак барои сохтани иртиботи башардӯстона ва навоварона дар заминаи устувори сиёсӣ, заминаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ вобаста аст. Маводи пешниҳодшуда ва маҷмӯи он метавонад дар шароити таълими забони русӣ берун аз муҳити забонӣ як навъ ёрии амалӣ расонад, ки дар он самти коммуникатсионӣ бояд махсус эҷод карда шавад ва ин яке аз мушкилоти асоси таъинкунандаест, ки дар сурати набудани муҳити забон ҳалли он хеле душвор аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

омӯзиши ба шахсият нигаронидашуда, раванди ҳамгироӣ, пӯёӣ ва такомул, моҳияти намодшиносӣ ва семиотика, тафсири масъалаҳои асосӣ, салоҳияти коммуникативӣ, ваҳдати каломӣ ва грамматикӣ, нутқи матнӣ, технологияи инноватсионӣ