ХУСУСИЯТҲОИ МЕТОДӢ ВА ПРИНСИПҲОИ АМАЛИСОЗИИ ТАФРИҚАИ ЗИНАГИИ МАТЕМАТИКА ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Рабиев С.М., Маҳмудшехова М.А....pdf)Рабиев С.М., Маҳмудшехова М.А....pdfХУСУСИЯТҲОИ МЕТОДӢ ВА ПРИНСИПҲОИ АМАЛИСОЗИИ ТАФРИҚАИ ЗИНАГИИ МАТЕМАТИКА ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ45

 


МУАЛЛИФОН: Рабиев Сатторбердӣ Мавлонович, дотсенти кафедраи ТР,ТЭ ва МТ; Махмудшехова Мавзуна Абдувалиевна, н.и.п., сармуаллимаи кафедраи ТР,ТЭ ва МТ-и МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаҳои истифодаи усулҳои тафриқавии таълим ва нақши он дар ташаккули донишу маҳорат ва малакаҳои фардии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд мешавад, ки яке аз ҳадафҳои асосии таълими муосир, рушди шахсияти кӯдак буда, баробарҳуқуқии субъектҳои раванди таълим ва нақши фаъоли хонандагон дар ҷараёни таҳсил аз меъёри асосии интихоби технологияҳои педагогӣ мебошад, ки барои гузариш ба низоми салоҳиятнокии таълим имконият фароҳам меорад. Муаллифон таъкид месозанд, ки қобилияти дар амал татбиқ кардани дониш ба хонандагон имкон медиҳад, ки самаранокии омӯзиши фанҳои мактабиро ба таври назаррас баланд бардоранд. Ба андешаи эшон дар дарсҳои математикаи синфҳои ибтидоии мактаби муосири Тоҷикистон татбиқи тафриқаи ботинӣ ва зинабандии супоришҳои таълимӣ имконпазир буда, омӯзгорон метавонанд бо ворид сохтани супоришҳои иловагии таълимӣ вариантнокии онро таъмин созанд. Ҳамчунин, муаллифон принсипҳои асосии амалигардонии методикаи тафриқасозии супоришҳои тафриқавиро пешниҳод месозанд, ки дарки моҳияти онҳо имкони ташкили ин равандро фароҳам меоранд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

фардият, тафриқасозӣ, метод, принсип, технологияи педагогӣ, маҳорат, қобилият