УСУЛИ ТАҲЛИЛИ ҒАЗАЛҲОИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Аҳмадов М...pdf)Аҳмадов М...pdfУСУЛИ ТАҲЛИЛИ ҒАЗАЛҲОИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ35

 


МУАЛЛИФОН: Аҳмадов Мирзоҳабиб, н. и. ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МТД “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан перомуни таҳлилу тафсири намунаҳо аз ғазалҳои Шайх Камоли Хуҷандӣ меравад. Таъкид мешавад, ки доир ба таълими ғазалиёти шоир дар мактаб тибқи талаботи рўз ягон дастури таълим ва мақолаҳои методӣ ба миён наомадаанд. Муаллифи мақола тартиб ва низоми омўзиши ашъори ғиноӣ дар курси хониши адабӣ усулҳои дастрас ва босамари таҳлилу тафсири ашъори шоирро тибқи низоми салоҳиятноки таълим дар мисоли ғазали машҳури ў бо радифи “Гуфтам: Ба чашм” нишон додааст. Хониши бадеӣ, кор бо луғат, шарҳи байт ба байти маънӣ, таҳлил аз ҷиҳати сохт - афоил, вазн, қофия, радиф; истифодаи санъатҳои бадеӣ, натиҷагирӣ аз мазмуни ғазал ва монанди инҳо аз ҷузъиётест, ки муаллиф зимни шарҳи хусусиятҳои омўзиши ашъори ғиноии Камоли Хуҷандӣ пешниҳод кардааст. Баробари шарҳи маънои зоҳирӣ шартҳои тафсири мазмуни ирфониро низ зимни баҳисобгирии идроки хонандаи мактаб нишон додааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Камол, ғазал, таълими адабиёт, луғат, таҳлил, тафсир, ирфон