НИШОНАҲОИ ТАҚСИМШАВИИ АДАДҲО – ҲАМЧУН МАСЪАЛАИ МАТЕМАТИКӢ, МЕТОДӢ ВА ТАЪРИХӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Комилӣ А.Ш., Абдулакимова Ҷ.А...pdf)Комилӣ А.Ш., Абдулакимова Ҷ.А...pdfНИШОНАҲОИ ТАҚСИМШАВИИ АДАДҲО – ҲАМЧУН МАСЪАЛАИ МАТЕМАТИКӢ, МЕТОДӢ ВА ТАЪРИХӢ34

 


МУАЛЛИФОН: Комилӣ Абдулҳай Шарифзода, д.и.ф.-м., профессор, директори Пажӯҳишгоҳи таърихи илмҳои табиӣ ва технологияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав (Тоҷикистон, Бохтар) Абдулакимова Ҷанатой Абдурауфовна, н.и.п., дотсенти кафедраи МТМ ва ТИ-и МДТ “ДДХ ба номи


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳлили мавзӯи нишонаҳои тақсимшавии ададҳо ҳамчун масъалаи математикӣ, методӣ ва таърихӣ бахшида шудааст. Тазаккур меравад, ки тақсимшавии ададҳо яке аз ҷолибтарин мавзӯоти курсҳои математикаи ибтидоӣ дар мактабҳои миёна ва ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии педагогӣ мебошад.Муаллифон бар ин назаранд, ки ин масъала ҳам хусусияти педагогӣ ва ҳам илмӣ-методӣ дошта, ҳалли дурусти он таваҷҷӯҳи хонандагонро ба омӯзиши математика зиёд мекунад. Дар мақола нишонаҳои тақсимшавии ададҳо дар асоси мисолҳои мушаххас нишон дода шудаанд, ки барои ташаккул додани шавқу ҳаваси маърифатии хонандагону донишҷӯён ба математика мусоидат менамоянд.Хулоса мешавад, ки омӯзиши мавзӯи нишонаҳои тақсимшавии ададҳо барои ташаккули ҷаҳонбинию илмии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю касбӣ ва хусусан касбии омӯзгорӣ таъсири бағоят мусбат дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

математика, методика, педагогика, таърих, адад, ҷаҳонбинӣ, омӯзгор, хонанда, мактаб