дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТИ ТАЪЛИМИ "ХИМИЯ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобизода Ғ.М., Иброҳимов Ҳ...pdf)Бобизода Ғ.М., Иброҳимов Ҳ...pdfМУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТИ ТАЪЛИМИ "ХИМИЯ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ3

 


МУАЛЛИФОН: Бобизода Ғуломқодир Мукаммал профессор, академики Академияи таҳсилоти ҷумҳурии Тоҷикистон; Иброҳимов Ҳошим унвонҷўи кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими они, МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров», (Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

ғояи пешбарандаи муносибати босалоҳият дар таъмин намудани «таъсири идоманок»-и таҳсилоти муассисавӣ, ки ба ҳаёти ояндаи ҳар як хонанда таъсир мерасонад, бинобар ин, дар он ба маҳорати мустақилона фикр, қарор қабул намудан ва ба вазъият дуруст баҳо додан аҳамияти махсус дода мешавад.Мақолаи мазкур бартарияти муносибати босалоҳиятро ҳангоми таълими химия, ки ба хонандагон на танҳо дар азхуднамоии ҷамъи донишҳо ёрӣ мерасонад, балки дар хонандагон қобилияти ба даст овардани маҳорату малакаҳо, дар назди худ гузоштани мақсад, қабул намудани қарор ва дар ҳолатҳои маъмулӣ ва ғайримуқаррарӣ амал намуданро ташаккул медиҳад.Ҳангоми ташаккули салоҳияти хонандагон машғулияти дарси химия чунон ба нақша гирифта мешавад, ки онҳо дар навбати аввал ба рушди ангезаҳо мусоидат намояд ва зимни аз ҷониби омузгор ба кор бурдани далелҳои ҷолибтарин аз фанни таълимӣ амалӣ мешавад. Минбаъд дар хонанда инкишофи малакаи ҷустуҷўи мустақилонаи ҷавобҳо ба масъалаҳои гузошташуда пайдо гардида, мустақилона ҳал намудани ҳолатҳои проблемавӣ, қобилияти таҳлили далелҳо, хулосабарорӣ ва ифодаи ҷавобҳои мантиқӣ инкишоф меёбад.Интихоби системаи методҳои таълимии дахлдор ҳангоми муносибати босалоҳият ба хонандагон на танҳо имконияти фаҳмидани дониш ва маҳоратҳои ҷудогона аз фанни химияро фароҳам меорад, балки дар шакли пурра азхуд намудани онро медиҳад, ки ҳадафи асосии фанни таълимӣ мебошад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Муносибати босалоҳият, салоҳият, муассиса, машғулият