2021 сол
АЗ ТАЪРИХИ АРЗЁБИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ПЕДАГОГӢ
МУАЛЛИФ: Шарипов Қаҳрамон Баҳромович, сармуаллими кафедраи асосҳои технологияи информатсионии - и Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола таърихи рушди арзёбии натиҷаҳои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, алахусус дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ инъикос ёфтааст. Ба ҷуз аз ҷамъбаст намудани далелҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ, раванди гузариш аз низоми анъанавии таълим ба низоми кредитӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд мешавад, ки дар натиҷаи гузариш аз як низоми омӯзиш ба низоми таълими дигар тағироти баҳо ва арзёбии натиҷаҳои таълим ба амал омад, ки ин нукта муфассал таҳлил ёфтааст. Муаллиф инчунин таҳлили муқоисавии намудҳои арзёбӣ аз усулҳои таърихӣ, анъанавӣ то муосирро анҷом додааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
баҳогузорӣ, натиҷаҳои таълим, низоми таълими кредитӣ, дидактика, таърихи педагогика, шаклҳо ва усулҳои баҳогузорӣ