ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ МАКТАББАЧАГОН ДАР ҶАРАЁНИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Қӯзиев М.А...pdf)Қӯзиев М.А...pdfТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ МАКТАББАЧАГОН ДАР ҶАРАЁНИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ46

 


МУАЛЛИФ: Қӯзиев Мурод Азимович, дотсенти кафедраи технология ва усули таълими они МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон,Хуҷанд)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи ташаккули шахсияти талабагон дар ҷараёни таълими меҳнат бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки дар раванди фаъолияти меҳнатӣ шаклҳои нави муносибатҳо байни насли наврас ба миён меоянд, ки ин ба ҷараёни шаклгирии шахсияти онҳо таъсир мегузорад. Муаллиф дар асоси назарияҳои пешниҳоднамудаи педагогон раванди ташаккуклёбии шахсияти мактаббачагонро омӯхта, чунин андеша дорад, ки фаъолияти меҳнатӣ ба тавсеаи меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, созмондиҳӣ, ирода, муносибати эҷодӣ ва дастҷамъона кор кардан барин сифатҳои шахсият таъсири мусбат мегузорад. Хулоса мешавад, ки фаъолияти меҳнатии хонандагон на танҳо дар дарсҳои “Технология”(Таълими меҳнат”), балки дар раванди омӯзиши фанҳои нави “Асосҳои истеҳсолот”, “Интихоби касб”, “Информатика ва технологияи ҳисоббарор” низ ба роҳ монда мешавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тарбияи меҳнатӣ, интихоби касб, шахсият, хонанда, равоншиносӣ, таълим