ФАРОҲАМСОЗИИ ШАРОИТҲОИ МУОСИР БАРОИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ – ВАЗИФАИ АФЗАЛИЯТНОКИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Каримзода М.Б...pdf)Каримзода М.Б...pdfФАРОҲАМСОЗИИ ШАРОИТҲОИ МУОСИР БАРОИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ – ВАЗИФАИ АФЗАЛИЯТНОКИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ41

 


МУАЛЛИФ: Каримзода Мирзо Бадал, н.и.ф., саркотиби илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи фароҳамсозии шароитҳои муосир барои таълиму тарбия ҳамчун вазифаи афзалиятноки муассисаҳои таълимӣ бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки дар давраи муосири рушди Тоҷикистон фароҳамсозии шароитиҳои муосири мусоид барои таълим ва тарбия ҷиҳати дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ имконият муҳайё сохта, рушди устувори кишварро таъмин месозад. Таъкид мешавад, ки ояндаи дурахшонро он мамолике комёб мешаванд, ки барои ин замина ва шароитҳои заруриро муҳайё месозанд ва дар ин мамлакат муассисаҳои таълимие фаъолият мекунанд, ки нерӯи зеҳнии таъминкунандаи болоравии фарҳанг ва рушди шаҳрвандонро ташаккул ва таъмин мекунанд.Дар идома муаллиф зикр мекунад, ки дар ин масъала бояд давлат шароитҳои муосири мусоидро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ таъмин созад, то ки муассисаҳои таълимӣ қудрати ба роҳ мондани раванди мақсадноки тарбия ва таълими насли ҷавонро дошта бошанд ва, вобаста ба ин, вазоифи муассисаҳои таълимиро дар ин самт барои имрӯз ироа месозад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

шароитҳои муосир, рақобатпазирӣ, рушди устувор, нерӯи зеҳнӣ, боистеъдод, сохторҳои бонизом, раванди диградатсионӣ, ҷомеа, ислоҳот