2021 сол
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ – ТАРБИЯВИИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ДАР САМТИ БА МАКТАБ ОМОДА НАМУДАНИ БАЧАГОН
МУАЛЛИФОН: Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, доктори илмҳои педагогика,профессор; Абдуллоева Надия Саидовна – унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар ҷодаи ба зинаи мактаб омода намудани хурдсолон мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, масъалаҳои зерин матраҳ карда шудааст: вазифаҳои асосии муассисаҳои томактабӣ дар ҷодаи ба ҳаёти мактабӣ омода намудани насли хурдсол, шаклҳои амалии ташкили корҳои омодакунӣ аз тарафи мураббиён, роҳҳои беҳтар намудани тарбия ва ташаккули шахсияти хурдсолон, нақшаи мукаммали омодагии томактабии хурдсолон дар муассаҳои томактабӣ, мазмун, шакл ва методҳои омода намудани хурдсолон ба мактаб, омилҳои асосии ба фикрронии хурдсолон таъсир расонида дар самти омодагӣ ба фаъолияти мактабӣ ва ғайраҳо. Ҳамзамон мавқеи мураббиёни муассисаҳои томактабӣ дар ҷодаи ба мактаб омода намудани хурдсолон таҳлил карда шуда, хусусияти таҳаммулпазирӣ, соҳиби дониши тахассусӣ будан, дӯст доштан ва ҳурмат кардани шахсияти хурдсолон, ҳифзи саломатии шогирдон, дар рӯҳияи мутаҳидаю ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намудани хурдсолонро доштани онҳо алоҳида қайд карда шудааст.Дар мақола мавқеи волидон дар омода намудани фарзандони синни томактабии худ ба мактаб дар ҳамкорӣ бо мураббиёни муассисаҳои томактабӣ низ мавриди таҳлил қарор дода шуда, вазифа ва масъулияти онҳо муайян карда шудааст. Барои ташаккули ҳаматарафаи хурдсолон дар муассисаҳои томактабӣ дар мақола мавқеи дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва бозиҳои серҳаракат дар ташаккули ҷисмонӣ ва ақлонии бачагон алоҳида оварда шудааст. Дар қисмати дигар мақола омилҳое, ки ба рушди ҳаматарафаи тарбиятгирандагони синни томактабӣ монеагӣ мекунанд, нишон дода шудааст: аз ҷумла, камҳаракатии як қисми муайяни бачагон, сифати пасти хӯрокворӣ, фаъолияти ғайриқаноатбахши пизишки боғча, риоя нагардидани меёърҳои санитарию гигиенӣ, сарбории зиёд ва хаста шудани хурдсолон, таъсири манфии бозиҳои компютерӣ, ба талабот ҷавобгӯй набудани фаъолияти тахассусии мураббия, беътибории падару модар.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
раванди таълимӣ-тарбиявӣ, муассисаҳои томактабӣ, ташаккулёбӣ, мактаб,корҳои тарбиявӣ-ташхисӣ, дониш, маҳорат, бозиҳои серҳаракат, раванди педагогӣ, фаъолияти тарбиявӣ, тарбия, ҳавасмандгардонӣ, ташаккул, муносибати босалоҳият, коркард, волидон