МАТБУОТ ҲАМЧУН АВВАЛИН ТАШАККУЛДИҲАНДАИ АФКОРИ УМУМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Гулов С.Н., Мавлонов Х.Д...pdf)Гулов С.Н., Мавлонов Х.Д...pdfМАТБУОТ ҲАМЧУН АВВАЛИН ТАШАККУЛДИҲАНДАИ АФКОРИ УМУМ51

 


МУАЛЛИФОН: Гулов Cангин Нурович, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика; Мавлонов Хуршед Давлаталиевич, докторанти Ph.D-и кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи милли



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Маълум аст, ки матбуот аз воситаҳои аввалини иттилоърасон дар миёни ВАО ба шумор меравад. Маҳз нашрияҳо аввалин шуда ҷомеаро аз ҳодисаҳои вақтӣ огоҳ мекарданд. Ба ин восита бо баррасии мавзуоти мухталиф афкори мардумро бобати масъала ва пробелмаҳо тағйир медоданд. Муаллифон дар мақолаи худ маҳз ба ҳамин самт такя кардаанд. Муаллифони мақола зимни баррасии мавзӯъ газетаи “Бухорои Шариф”-ро чун аввалин нашрияи тоҷикӣ мисол оварда, онро заминагузори афкори ояндабинию ояндашиносӣ, созандагию пешрафт ва рӯ овардан ба газетаву илмомӯзӣ муаррифӣ намудаанд. Ба андешаи муаллифон “Бахорои Шариф” ҷомеаи тоҷикзабонро аз муҳиммияти матбуот бархурдор карда, минбаъд дар ташаккули афкори мардуми Бухоро дигаргунии ҷиддӣ ворид сохт. Аз ҷумла фикру андешаи мардум, хосатан онҳое, ки донишмандӣ ва рушди китобу китобхониро меписандиданд, ба куллӣ дигар намуд. Баъдҳо, агарчи “Бухорои Шариф” барҳам хӯрда бошад ҳам, ба мо маълум аст, ки онҳое, ки ба воситаи ин нашрия афкорашон бедор гардида буд, роҳи илму донишро идома доданд ва дар таъсиси чанд нашрияи дигар саҳми худро гузоштанд.Ҳамчунин муаллифон дар мақолаи худ иброз медоранд, ки “Бухорои Шариф” чун саромади матбуоти тоҷик дар афкори ҷомеаи пешқадам андешаи таъсиси нашрияҳоро бедор намуд ва минбаъд, дар заминаи он чандин нашрияҳо таъсис дода шуданд ва яке аз онҳо нашрияи “Овози тоҷик” мебошад.Ҳамин тавр муаллифон қайд кардаанд, ки нашрияҳои “Бухорои Шариф” ва “Овози тоҷик” дар матолиби худ аз ҳаёти мардум ва аз проблемаи онҳо менавиштанд. Ба дарди мардум наздик ва ба афкори онҳо созгор будани ин нашрияҳо боиси маълуму машҳур гардиданашон шуд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

матбуот, манбаи аввалин, "Бухорои Шариф", "Овози тоҷик", рушд, ташаккул, тағирёбӣ, шуур, ҷомеа