КОРБУРДИ ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛ ДАР РОМАНИ «ШЎРОБ»-И РАҲИМ ҶАЛИЛ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Юсупова М.И...pdf)Юсупова М.И...pdfКОРБУРДИ ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛ ДАР РОМАНИ «ШЎРОБ»-И РАҲИМ ҶАЛИЛ53

 


МУАЛЛИФ: Юсупова Мусаббеъ Исломовна, омӯзгори кафедраи забони русии ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Раҳим ҷалил дар романи «Шўроб» наздик 300 адад зарбулмасалу мақоли тоҷикиро истифода бурдааст, ки онҳо зебоии забони асари нависандаро таъмин кардаанд. Маҳорати нависандагии Раҳим ҷалил на танҳо дар ҷамъоварии зарбулмасалу мақолҳо, балки дар моҳирона истифода бурдани онҳо ҳам ба назар мерасад. Дар баробари зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ инчунин Раҳим ҷалил зарбулмасалҳои ўзбекӣ, арабӣ ва қазоқиро бо забони асл овардааст. Зарбулмасалу мақолҳои русӣ ва қирғизизиро тарҷума карда дар роман ҷой додааст, ки аз маҳорати баланди тарҷумонии нависанда гувоҳӣ медиҳад. Дар маҷмӯъ зарбулмасалу мақолҳо дар роман аз тарафи Раҳим ҷалил хеле моҳирона мавриди истифода қарор гирифтааст, ки он дар мақола мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

зарбулмасал, мақол, Шўроб, жанри хурди фолклор, тарҷумаи зарбулмасал, Раҳим ҷалил, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тоинқилобӣ, шўравӣ