НАҚДУ БАРРАСИИ БАҲСҲО ПЕРОМУНИ РӮЗГОРУ ОСОРИ МИРЗО ШӮХИИ ХУҶАНДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳайдарова Б.У...pdf)Ҳайдарова Б.У...pdfНАҚДУ БАРРАСИИ БАҲСҲО ПЕРОМУНИ РӮЗГОРУ ОСОРИ МИРЗО ШӮХИИ ХУҶАНДӢ44

 


МУАЛЛИФ: Ҳайдарова Бисаноат Умаровна, унвонҷӯи кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола навиштаҳои олимони адабиётшинос дар бораи рӯзгору осори Мирзо Шӯхии Хуҷандӣ, ки дар матбуот ва осори таҳқиқӣ дар солҳои гуногун ба чоп расидаанд, мавриди баррасӣ ва нақду пажӯҳиш қарор дода шудааст. Бисёр навиштаҳои муҳаққиқон дар бораи шоир аз рӯи мақола ва таҳқиқоти дар матбуот ва китобҳои таърихи адабиёт сурат гирифтааст, ки дар натиҷа ҳама хатои ҳамдигарро такрор кардаанд. Иштибоҳ ва хатоҳо дар ин маврид ҳам дар зиндагинома ва ҳам дар баргардони ашъори ӯ рӯй додаанд. Муаллиф кӯшидааст, ҳама мақолаҳо ва осори дар мавриди шоир ба чоп расидаро мунсифона нақду баррасӣ намояд. Аз таҳқиқи маводи дар бораи шоир ба чоп расида ба чунин натиҷа метавон омад, ки рӯзгору осори Мирзо Шӯхии Хуҷандӣ, ки дар борааш таҳқиқоти пароканда бо мулоҳизаҳои зидду нақиз анҷом ёфтааст, ҳанӯз интизори таҳқиқоти мунсаҷим, пайгирона ва бодалелу мадракҳои мустанади илмӣ мебошад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Шӯхии Хуҷандӣ, адабиётшиносӣ, адабиёти тоҷик, мероси адабӣ, шарҳ, тавзеҳ, моддаи таърих, шеъри тоҷикӣ