АРЗИШИ “ҚАСИДАТ-УЛ-ҚУДС”- И АБӮМУЗАФФАРИ АБЕВАРДӢ АЗ ДИДГОҲИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҒАРБ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ризоева П.С...pdf)Ризоева П.С...pdfАРЗИШИ “ҚАСИДАТ-УЛ-ҚУДС”- И АБӮМУЗАФФАРИ АБЕВАРДӢ АЗ ДИДГОҲИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҒАРБ37

 


МУАЛЛИФ: Ризоева Парвина Сӯҳробовна, муаллимаи кафедраи забони англисӣ, унвонҷӯи кафедраи филологияи араби МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сабаби сар задани ҷангҳои салибӣ ва иншо гардидани “Қасидат-ул-қудс”-и Абӯмузаффари Абевардӣ мавриди омузиш қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки қасидаи мазкур бахшида ба суқути Байтулмуқаддас ва ҳаводиси он замон суруда шуда, шоҳасари шоир эътироф гаштааст. “Қасидат-ул-қудс” дар қофияи “мим” ва баҳри тавил иншо шуда, ҳам аз ҷиҳати мабно ва ҳам аз ҷиҳати маъно бисёр арзишманд мебошад. Нуктаи муҳим ва қобили мулоҳиза он аст, ки қасидаи мазкури шоир пайваста таваҷҷуҳи вижаи ховаршиносон ва таърихнигорони асримиёнагӣ ва муосири Ғарбро ба худ ҷалб намудааст, ки дар қатори онҳо метавон Ҷ. Карлайл, Т. Боядҷиён, К. Хиршлер, К. Ҳилленбренд, Н. Ҳермес ва дигаронро номбар кард. Инчунин, тарҷумаҳои гуногуни чанд байти қасида таҳлил гаштаанд.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

“Қасидат-ул-қудс”-и Абӯмузаффари Абевардӣ, ҷангҳои салибӣ, Ҷ. Карлайл, Т. Боядҷиён, К. Хиршлер, К. Ҳилленбренд, Н. Ҳермесa