2021 сол
БАДЕЪ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР КОРГОҲИ ЭҶОДИИ ИМОМИИ ҲИРАВӢ
МУАЛЛИФ: Ҳакимов Саъдулло Тағаймуродович, саромўзгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав (Тоҷикистон, Бохтар)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Муаллиф дар мақола ба яке аз масъалаҳои муҳимми адабиёти бадеӣ, яъне илми бадеъ пардохта, қабл аз арзёбии мавзўи меҳварӣ дар такя бо афкору андешаҳои назарии бадеъшиносон роҷеъ ба асолату моҳияти орояҳои адабӣ, таснифу табақабандии онҳо ба лафзиву маънавӣ ва монанди инҳо иҷмолан дахл кардааст. Муаллифи мақола бадеъро, дар баробари маонӣ, унсури зотии адабиёти бадеӣ қаламдод карда, таъкид доштааст, ки унсури асосии ба адабиёт мубаддал сохтани ҳар гуна навишта маҳз саноеи бадеӣ мебошад. Тазаккур мешавад, ки рағбати адибон ба санъатгароӣ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳанўз аз ибтидои асри XI шурўъ шуда, дар қарни XIII батадриҷ ба авҷи баланд расидааст. Имомии ҳиравӣ, ки фарзанди ҳамин айём аст, бо доштани огоҳии комилу кофӣ аз фунуну саноеи адабии адабиёти арабу Аҷам ҷиҳати ба намоиш гузоштани қудрату тавоноии эҷодӣ ва ҳунари адабии хеш наметавонист аз баёни мутакаллифу маснўъ, махсусан дар қасоид, сарфи назар кунад. Бинобар ҳамин, шояд ин суханвар барои иблоғ ва ба алоқамандон расондани мазомини мавриди назараш дар ашъори худ аз анвои гуногуни саноеъ корбурд кардааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
бадеъ, маънӣ, лафз, садо, мусиқӣ, таносуб, ибдоот, санъатгаро, содабаёнӣ