ТАРҶУМАИ ОСОРИ АДАБИИ ҒАРБ БА ЗАБОНИ ФОРСӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХХ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Наврӯзи Ҷ.А...pdf)Наврӯзи Ҷ.А...pdfТАРҶУМАИ ОСОРИ АДАБИИ ҒАРБ БА ЗАБОНИ ФОРСӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХХ45

 


МУАЛЛИФ: Наврузи Ҷумамуроди Абдул, аспиранти соли сеюми Институти адабии ба номи А.М. Горкий(Москва, Русия)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба тарҷумаи адабӣ дар Эрон дар нимаи аввали асри ХХ бахшида шудааст. Дар он вижагиҳои тарҷумаи бадеӣ оварда шуда, хусусияти тарҷумаи шеър дар адабиёти Эрон нишон дода шудааст. Давраҳои асосии тарҷумаи бадеӣ тадқиқ гардида, таъсири равобити дуҷонибаи Эрону Аврупоро дар тарҷумаи шеър баррасӣ шудааст. Аҳамияти тарҷумаи бадеӣ барои таҳкими робитаҳои мутақобилаи байни Ғарб ва Шарқ дар соҳаи фарҳанги маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тазаккур меравад, ки ба туфайли тарҷумаи осори нависандагон ва шоирони кишварҳои дигар ба забони форсӣ, эрониён тавонистанд арзишҳои нави маънавиро барои худ пайдо кунанд. Инро дар натиҷаҳои тарҷумаҳои форсии асарҳои муаллифони Ғарб дар нимаи аввали асри ХХ баръало мушоҳида кардан мумкин аст.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тарҷума, Эрон, Аврупо, адабиёти Аврупо, маҷаллаҳо, шеъри нави форсӣ, нашри рӯзномаҳо