2021 сол
ҶОЙГОҲИ “ҒИЗОЛОН-УЛ-ҲИНД”-И ОЗОДИ БАЛГИРОМӢ ДАР МАЪРИФАТИ АНОСИРИ БАЛОҒАТИ ҲИНДӢ ВА ТОҶИКӢ
МУАЛЛИФ: Абдуллоев Ромезҷон Холмӯминович, номзади илмҳои филология, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии “Ғизолон-ул-ҳинд”-и Озоди Балгиромӣ, ки яке аз сарчашмаҳои муҳим дар маърифати аносири балоғии адабиёти тоҷику ҳинд ба шумор меравад, бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки як бахши алоҳидаи китоби “Ғизолон-ул-ҳинд” ба таҳлили санъатҳои маъмули шеъри ҳиндӣ нигаронида шуда, фарогири дидгоҳҳои интиқодии муаллиф низ мебошад. Дар мақола бо баробари зикри санъатҳои бадеии шеъри ҳиндӣ муодилҳои он дар шеъри форсиву арабӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, усулҳои ихтирои санъатҳои нави бадеӣ аз ҷониби Озоди Балгиромӣ нишон дода шудаанд. Тазаккур меравад, ки Озоди Балгиромӣ дар баёни санъатҳои бадеӣ мисолҳои зиёдеро аз осори суханварони сабки ҳиндӣ ба таври шоҳид зикр намуда, аксари онҳоро шарҳу маънӣ кардааст. Таъкид мешавад, ки усули мазкур ба сифати ёвар ҷиҳати шинохти масоили ҳунарии адабиёт ба кор рафтааст. Хулоса мешавад, ки истифодаи чандин санъати бадеӣ дар як байти суханварони сабки ҳиндӣ ба дарки маъно таъсир расонида, ҳатто санъатҳои маъмул ва анъанавӣ дар қолаби худ берун рафта, баъзе хусусиятҳоеро касб сохтаанд, ки барои онҳо то ин дам хос набуданд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
“Ғизолон-ул-ҳинд”-и Озоди Балгиромӣ, санъатҳои бадеӣ, сабки ҳиндӣ, шарҳ, ташбеҳ, нақд адабӣ