ХУСУСИЯТҲОИ УСЛУБӢ ВА АДАБИИ “ТУЗУКИ ҶАҲОНГИРӢ”

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Пӯлотов Н.Н...pdf)Пӯлотов Н.Н...pdfХУСУСИЯТҲОИ УСЛУБӢ ВА АДАБИИ “ТУЗУКИ ҶАҲОНГИРӢ”47

 


МУАЛЛИФ: Пўлотов Назирҷон Набиҷонович, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқи забон ва услуби адабии китоби таърихии вориси империяи Темуриёни ҳинд-Нуриддин Муҳаммад ҷаҳонгирподшоҳ(1569-1627) «Тузуки ҷаҳонгирӣ» бахшида шудааст. «Тузуки ҷаҳонгирӣ» дар баробари асари таърихӣ маҳсуб ёфтанаш, ҳамчун намунаи олии насри форсии ибтидои асри XVII шинохта шудааст. Аз баррасии «Тузуки ҷаҳонгирӣ» бармеояд, ки ҷаҳонгир табъи хуби шоирӣ дошта, дар бештар маврид бо истифода аз шеър ба сухан, вобаста ба мавзўи интихобкардааш, ҳусни тоза бахшидааст. Тазаккур мегардад, ки ахбори ҷаҳонгиршоҳ дар ин кутуби таърихӣ арзишманд буда, муаллифи асар дар ҷараёни кор анвои гуногуни насри форсиро мавриди истифода қарор дода, тавассути шарҳу тафсири воқеаҳо ва истифодаи далелҳо муносибати шахсии хешро баён намудааст.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

адабиёти форсизабони ҳинд, забон, «Тузуки ҷаҳонгирӣ», шеър, услуб, порчаҳои манзум, осори таърихӣ