СУДӢ ВА НАҚДИ АШЪОРИ ҲОФИЗ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоева М.С...pdf)Бобоева М.С...pdfСУДӢ ВА НАҚДИ АШЪОРИ ҲОФИЗ41

 


МУАЛЛИФ: Бобоева Мўътабархон Саидмуртазоевна, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии арзиши матншиносии “Шарҳи Судӣ бар Ҳофиз”-и Судии Буснавӣ бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки Судӣ дар шарҳномаи худ ба масоили матншиносӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, бори аввал дар ҳофизшиносӣ ашъори Ҳофизро аз ғазалиёт ва абёти илҳоқӣ тоза кардааст. Тазаккур меравад, ки шореҳ ҳангоми шарҳ аз ёздаҳ нусхаи девони Ҳофиз истифода бурда, онҳоро муқоисаву муқобала намуда, нусхаи дурусту аcолатдоштаро баргузидааст. Собит мешавад, ки Судӣ рисолати худро танҳо дар шарҳи маънӣ ва маънишиносӣ надониста, оид ба гуногунии нусхаҳо, ихтилофоти матн, саҳви нусхабардорон, интисоби ашьор ва ашъори илҳоқӣ дар девони Ҳофиз таваққуф намудааст. Хулоса шудааст, ки Судӣ дар шарҳномаи хеш саҳву ғалатҳои котибону носихонро нишон дода, бо ин амал як марҳилаи муайяни тасҳеҳу тоза кардани матни ашъори Ҳофизро ба анҷом расонидааст.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Судӣ, Ҳофиз, шарҳ, нақди адабӣ, нусхаҳои девони Ҳофиз, сиҳҳати калимот