ШАЙДОИ ХУҶАНДӢ ВА САБКИ ҲИНДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Негматова М.Т....pdf)Негматова М.Т....pdfШАЙДОИ ХУҶАНДӢ ВА САБКИ ҲИНДӢ57

 


МУАЛЛИФ: Негматова Мавлудаҷон Турсуновна, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.ғафуров” (Тоҷикистон,Хуҷанд)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии мавзӯи баҳрабардории шоири охири асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII адабиёти тоҷик Шайдои Хуҷандӣ аз сабки ҳиндӣ тахассус ёфтааст.Қайд мегардад, ки тақлиду пайравӣ аз сабку услуби шоирони сабки ҳиндӣ барои суханварони асрҳои XVII- XVIII як амри табиӣ буда, анъана гашта бу. Хотирнишон мегардад, ки теъдоди хеле ками эҷодкорони давраи мазкур дар ин замина истиқлоли нисбии хешро намоиш додаанд. Тазаккур меравад, ки Шайдои Хуҷандӣ пайравӣ ба ашъори Бедил ва намояндагони сабки адабии ҳиндиро ба таври куллӣ напазируфта, онро маслаки доимии шеваи нигориши кори эҷодии худ қарор надодааст, балки шоир ин раванди умумии хоси адабии даврро танҳо дар як марҳалаи кӯтоҳи фаъолияти адабии худ истифода намудааст. Собит мешавад, ки печидаю пӯшидагӯии хоси сабки бедилӣ дар ашъори Шайдо бо равиши содаву осон ва табиӣ баён гардидааст. Шайдо кӯшидааст, ки пеш аз ҳама аз роҳи муқаллидони назми бедилӣ берун барояд ва мазмуну маъниҳоро равшантару содатар баён намояд.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Шайдо, адабиёти тоҷики охири асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII, сабки ҳиндӣ, Бедил, шеър