МАВЗЎЪ ВА МУНДАРИҶАИ ҒАЗАЛИЁТИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Махмудзода О.Б....pdf)Махмудзода О.Б....pdfМАВЗЎЪ ВА МУНДАРИҶАИ ҒАЗАЛИЁТИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ42

 


МУАЛЛИФ: Маҳмудзода Обидҷони Бекназар, номзади илмҳои филология, сармуаллими кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муҳимтарин мавзӯъҳои ғазалиёти яке аз маъруфтарин намояндагони сабки ҳиндӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Назирии Нишопурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар заминаи таҳқиқот муаллиф муқаррар намудааст, ки Назирии Нишопурӣ дар баробари тозакориҳо дар ҳунари шоирӣ дар ташаккули ҷанбаҳои мавзўии ин навъи шеъри суннатӣ низ иқдом намудааст. Бар ин асос дар эҷодиёти Назирӣ ҳам ғазалҳои ошиқонаву ҳам орифона ҷойгоҳи махсус дошта, баробари ин мазмунсозӣ ва маъниофариниҳои хоси сабки ҳиндӣ барояш имкон додаанд, ки мазмунҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла интиқод аз мушкилоти замон ва аҳли зӯҳду тақво дар сурудаҳои шоир ҷойгоҳи махсус касб карда, мавзўи ватандўстӣ низ нақши муҳим пайдо кардааст.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Назирии Нишопурӣ, мавзўъ, мазмунсозӣ, ғазали ошиқона, ғазали орифона, ахлоқ, фалсафа, ирфон, ватандўстӣ