ҶОЙГОҲИ ТАМАСХУР ВА КИНОЯ ДАР РИСОЛАИ “АХЛОҚ-УЛ- АШРОФ” – И УБАЙДИ ЗОКОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Гаффорзода Ш....pdf)Гаффорзода Ш...ҶОЙГОҲИ ТАМАСХУР ВА КИНОЯ ДАР РИСОЛАИ “АХЛОҚ-УЛ- АШРОФ” – И УБАЙДИ ЗОКОНӢ47

 


МУАЛЛИФ: Ғаффорзода Шоҳрух Ҳабибулло, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ (Тоҷикистон, Душанбе)



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола дар хусуси истифодаи танзу киноя ва дараҷаи корбурди он дар “Ахлоқ-ул-ашроф”- и Убайди Зоконӣ сухан меравад. Қайд мешавад ки, яке аз хусусиятҳои аввалдараҷаи “Ахлоқ-ул-ашроф”- и Убайди Зоконӣ ин корбурди моҳиронаи танз ва киноя мебошад. Зикр мешавад, ки танзу киноя, аслан, мухтасс бар фаслҳои дувуми бобҳои асар аст, яъне қисмате, ки афкори иҷтимоӣ ё назарияи ахлоқии Убайдро қиёс мекунад. Қиёсшаванда фаслҳои аввали бобҳои асар буда, фаслҳои дувум дар он ба ҳайси василаи қиёснамоӣ иштирок менамоянд. Собит мешавад, ки фаслҳои дувум дар “Ахлоқ-ул-ашроф” мақоми дувум доранд, чун интиқодот ва вазни асосии суханони иҷтимоии Убайд дар ҳамин қисмати бобҳои асар аст. Ба ақидаи муаллифи мақола, мақсуди худи Убайд ҳам аз эҷоди асараш, аслан, на таърифу тавсифи холис аз ахлоқи мутақаддимон ё бузургони пешин аст, балки ҳадафи ниҳоии вай ифшои ахлоқи ноустувор ва номустаҳсану ношоистаи бузургони муосири худ мебошад, ки дар фаслҳои дувум баррасӣ гардидаанд. Муаллиф ба чунин хулоса меояд, ки Убайд метавонист дар асари мазкури хеш фаслҳои аввалро наёрад. Аммо, чун вай аз ахлоқи роиҷ ва ҷории даврони худ ба куллӣ норизо буд, бинобар ин, дар орзуи ахлоқе ҳаммонанди сирати бузургони пешин буд ва мехост намунае аз ҳамчунин ахлоқро дар ҷомеаи бадахлоқи худ дарёбад. Аммо чун нишоне аз чунин ахлоқро дарнамеёбад, ба нақди шадид ва накӯҳиши сахти ахлоқи даврони худ даст мезанад. Вале интиқодоти Убайд аз авзои муташанниҷи замон ва фазои аз ахлоқу маънавиёт муаррои он хушку холӣ нестанд, онҳо дар аксари маворид дар пардаи маҷозу киноя ва танзҳои сахту бебокона пардохта шудаанд.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Убайди Зоконӣ, “Ахлоқ-ул-ашроф”, танз, киноя, танқид