АҲАМИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ АДИБОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ИНКИШОФИ АДАБИЁТИ ТОҶИК(1946 – 1960)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Думаева А.Р....pdf)Думаева А.Р...АҲАМИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ АДИБОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ИНКИШОФИ АДАБИЁТИ ТОҶИК(1946 – 1960)40

 


МУАЛЛИФ: Думаева Азиза Расулҷоновна, унвонҷӯи кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров(Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқи масъалаи ҳамкории адибони тоҷику рус ва саҳми онҳо дар инкишофи адабиёти тоҷик дар солҳои 1946-1960 бахшида шудааст. Қайд карда шудааст, ки дар солҳои 1946-1960 адабиёти тоҷик дар заминаи ҳамкориҳои адабии суханварони тоҷику рус инкишоф меёфт. Дар асоси адабиёт ва сарчашмаҳои мавҷуда масъалаи ҳамкориҳои адабии нависандагони тоҷику рус аз лиҳози таърихӣ таҳқиқ гардидааст. Тазаккур меравад, ки давраи омӯхташаванда давраест, ки маданияти халқи тоҷик пеш рафта, ҳамкории Тоҷикистон бо ҳама ҷумҳуриҳои бародарии собиқ дар ИҶШС дар ҳама соҳаҳо хуб ба роҳ монда шуда буд. Мусаллам аст, ки дар чунин шароит миёни адибони Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои адабӣ вусъати тоза пайдо намуда буданд, ки ин нуқта бо мисолҳои мушаххас собит карда мешавад.



ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

адабиёт, шоир, нависанда, адабиётшиносӣ, шеър, достон, таърихи адабиёт, ҳамкорӣ