ЗАВОЛИ ДАВЛАТИ ҒУРИЁН ДАР ЗАМИНАИ МУҚОВИМАТ БО ХОРАЗМШОҲИЁН (1206-1215)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шарипов М.М....pdf)Шарипов М.М...ЗАВОЛИ ДАВЛАТИ ҒУРИЁН ДАР ЗАМИНАИ МУҚОВИМАТ БО ХОРАЗМШОҲИЁН (1206-1215)43

 


МУАЛЛИФ: Шарипов Муҳаммад Маруфович,сармуаллими кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи зиддияти сиёсии салотини давлати ғуриён бо Хоразмшоҳиён дар чаҳоряки аввали асри XIII бахшида шудааст. Муаллиф масъалаи мавриди баҳсро дар такя ба сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ба монанди «Табақоти Носир»-и Минҳоҷ Сироҷи Ҷузҷонӣ, «Ал-комил фи-т-таърих»-и Ибни Асир, «Таърихи ҷаҳонгушой»-и Атомалики Ҷувайнӣ ва ғ. таҳлил намудааст.Қайд мешавад, ки пас аз фавти бародарони ғиёсуддин Муҳаммад ва Шиҳобуддин Муҳаммад, аз соли 1206 сар карда, сустшавии давлати ғуриён оғоз меёбад. Ҳарчанд султонҳои минбаъда барои нигоҳ доштани давлат кӯшиш намуданд, аммо империяи мазкур аз ҷониби давлати Хоразмшоҳиён барҳам дода шуд. Хулоса мешавад, ки ба дар ибтидои асри XIII ба қисматҳои алоҳида тақсим шудани давлат ва ба амал омадани қувваҳои марказгурез ба султони давлати Хоразмшоҳиён Алоуддин Муҳаммад имкон дод, ки бо навбат ҳудудҳои давлати ғуриёнро ишғол намояд. Ҳарчанд давлати мазкур таназзул ёфт, аммо ғуриён дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии халқҳои Осиёи Марказӣ нақши калон гузоштаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ғуриён, Хоразмшоҳиён, сарчашмаҳои таърихӣ, тақобул, муборизаи ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳодисаҳои чаҳоряки аввали асри XIII, Алоуддин Муҳаммад, таърихи Хуросон