САҲМИ ОМӮЗГОРОНИ РУС ДАР ТАШКИЛ ВА ТАШАККУЛИ ИДПЛ БА НОМИ С.М.КИРОВ (ДАР МИСОЛИ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ М.С.СТАМЕНОВА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Махмудова Н.С....pdf)Махмудова Н.С...САҲМИ ОМӮЗГОРОНИ РУС ДАР ТАШКИЛ ВА ТАШАККУЛИ ИДПЛ БА НОМИ С.М.КИРОВ (ДАР МИСОЛИ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ М.С.СТАМЕНОВА43


МУАЛЛИФ: Маҳмудова Назира Солихўҷаевна, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики МДТ «ДДХ ба номи академик Б. ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд) 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба ташкилшавии аввалин мактабҳои олӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақозои замон ба ҳисоб мерафт сухан меравад. Зикр гардидааст, ки дар солҳои 30-юми асри ХХ рушди хоҷагӣ ва сохтмони маданӣ, зиёд шудани шумораи мактабҳои нопурра ва миёнаро талаб мекард, ки барои афзудани теъдоди мутахассисони маълумоти олидор мусоидат мекард. Хотирнишон мешавад, ки талаботи рузафзуни республикаро оид ба кадрҳои педагогӣ ба инобат гирифта ҳукумати РСС Тоҷикистон доир ба ташкил кардани донишкадаи педагогӣ дар Душанбе қарор баровард, ки тибқи он дар давоми солҳои 1931-1932 дар ҷумҳурӣ ду мактаби олии педагогӣ яке дар Душанбе ва дигаре дар Ленинобод ба фаъолият оғоз намуд. Дар мақола масъалаи саҳми ҷумҳуриҳои бародар алалхусус, РСФСР дар таъмини мактабҳои олии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос баррасӣ гардида, таъкид мешавад, ки дар созмондиҳӣ ва ташаккули дуюмин мактаби олии кишвар, ИДПЛ ба номи С.М.Киров саҳми омӯзгорони рус ва рустабор зиёд аст. Яке аз аввалин омӯзгороне, ки фаъолияти худро бо ИДПЛ пайваст М.И.Стаменова буд, ки дар ташкил ва ташаккули донишкада ва минбаъд факултети филологияи рус саҳми босазо дорад. Дар мақола доир ба фаъолияти доманадори Муаллимаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон М.И.Стаменова маълумот дода шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маорифи халқ, донишкадаи олӣ, муаллима-олимаҳои рус, М.И.Стаменова, методикаи таълим, забони русӣ, адабиёт, мактабҳои тоҷикӣ