БАЪЗЕ МАЪЛУМОТИ МАВОДИ БОЙГОНӢ ОИД БА АНДОЗБАНДИИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (ОХИРИ АСРИ ХIХ- ЧОРЯКИ АВВАЛИ АСРИ ХХ)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Файзуллоев М....pdf)Файзуллоев М... БАЪЗЕ МАЪЛУМОТИ МАВОДИ БОЙГОНӢ ОИД БА АНДОЗБАНДИИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (ОХИРИ АСРИ ХIХ- ЧОРЯКИ АВВАЛИ АСРИ ХХ)'71


МУАЛЛИФ: Файзуллоев Муҳидинҷон, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола дар асоси маводи саҳроии ҷамъкардаи муаллиф дар солҳои 1983-1986, инчунин маводи бойгонӣ ва таҳлили адабиёти илмӣ доир ба ноҳияҳои доманкўҳи Тоҷикистони Шимолӣ навишта шудааст. Мақола ба фаъолияти тарзҳои хоҷагидории аҳолӣ бахшида шуда, ба ноҳияҳои таҳқиқотӣ ва муқоисавӣ ҷудо карда шудааст. Маводи бойгонӣ аз бойгониҳои марказии давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон фароҳам омада, бори аввал ба муомилоти илмӣ ворид шуда, таҳлил гардидаанд. Мақола муқоисаи ду маводи сарчашмавӣ – бойгонӣ ва саҳроиро дар бар мегирад. ҷалби ин ду намуди мавод оид ба мавҷудияти шумораи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ маълумот медиҳад. Инчунин дар мақола ба тарзи андоз ва андозбандии аҳолии чорводор ва ҳам кишоварз таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шудааст. Дар мисоли ҳосили андози ҷамъоварда ва саршумори чорво ҳаҷми андоз ва тарзи истисмори аҳолӣ нишон дода шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маводи бойгонӣ, омори Китоби маълумотдиҳӣ, қайдҳои саҳроӣ, андоз, андозбандӣ, истисмор, мазор ва масҷидҳо, кишоварзӣ ва чорводории доманкўҳ