About journal
Муаммоҳои физикаи муосир дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳти номи “Муаммоҳои физикаи муосир дар раванди саноатикунонииҶумҳурии Тоҷикистон” китоби ҷадиде интишор гардид, ки дар он маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гирд оварда шудааст.
Дар маҷмӯа беш аз сад мақолаҳои илмии олимон ва омӯзгорони ватаниву хориҷӣ ҷой дода шуда, мавзӯи баҳси онҳо асосан муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои рушди самтҳои мухталифи илмҳои дақиқ, махсусан, физика ва татбиқшавии он дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷмӯа барои омӯзгорон, муҳаққиқон вадигар алоқамандон судманд мебошад.