Публикационная этика
Тавсиф ва масъалаҳои танзими фарҳанги тавсифоти назми классикии форсу тоҷик
Таҳти унвони “Тавсиф ва масъалаҳои танзими фарҳанги тавсифоти назми классикии форсу тоҷик” китоби тоза нашр гардид, ки ба қалами номзади илмҳои филологӣ Шарифҷон Тоҷибоев мутааллиқ аст.
Рисола ба таҳқиқи яке аз воситаҳои тасвиру баён-тавсиф бахшида шуда, сайри таърихӣ,дараҷаи омӯзиш, анвою роҳҳои истифода, арзиши бадеиву ғоявӣ, имконоти тасвирию экспрессивӣ ва услубиву семантикии он дар мисоли маводи назми классикии форсу тоҷик, хоса «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ баррасӣ гардидааст. Зимнан дар китоби мазкур масоили танзими фарҳанги тавсифоти назмиклассикии форсу тоҷик, зарурату аҳамият ва принсипҳои таснифион мавриди чашмандози илмӣ қарор ёфтаанд.
Асар барои мутахассисону алоқамандони таърихи адаби форсу тоҷик ва донишҷӯёни риштаҳои филологии мактабҳои олӣ пешниҳод мешавад.