Требования к оформлению текстам
Луғати мафҳумҳо ва истилоҳоти таърихӣ
Таҳти ин унвон китоби тозанашр оид ба истилоҳоти таърихӣ рӯйи кор омад, ки мураттибони он профессор Ҷамшед Ҷӯразода, Ҷумъа Ҳомидов ва Ҷӯрабек Исомитдинов мебошанд.
Луғати мафҳумҳо ва истилоҳоти таърихӣ барои донишҷўёни факултетҳоитаърих пешбинӣ шудааст. Омўхтани истилоҳоти таърихӣ, дарки маънои мафҳумҳо баҳри азбар намуданибарномаитаълимии фанҳои таърих мусоидат мекунад. Мураттибон кўшиш намудаанд, ки дар асоси луғатҳои мухталиф, фарҳангҳо,донишномаҳо ва асарҳои илмиву таълимӣлуғати мазкурро аз рўи алфавит таҳия намоянд. Луғатро дар намуди дастури таълимӣ ҳангоми машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона истифода бурдан мумкин аст.
Луғат барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешбинӣ мешавад.