Маҷаллаи илмии «Номаи донишгоҳ.Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Муассис: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
Соле 4 маротиба ба табъ мерасад.
•Маҷалла шомили пойгоҳи иттилоотии "Намояи иқтибоси илмии Русия” (НИИР) аст.
•Шумораҳои маҷалла ҳатман ба Палатаи китобҳои Русия ва китобхонаҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешаванд.
Маҷалла барои чопи мақолоти илмии пажӯҳишгарон, докторантон, аспирантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ, магистрантов, ҳайати профессорону устодони ДДХ, макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои ИДМ ва хориҷаи дур пешбинӣ шудааст.
Ҷадвали нашр ва пешниҳоди маводи илмӣ ба маҷаллаи илмии тақризшаванда:
Шумораи маҷалла (давоми сол) | № 1 | № 2 | № 3 | № 4 |
---|---|---|---|---|
Таърихи нашр | феврал | май | август | ноябр |
Мӯҳлати пешниҳоди маводи илмӣ ба шумора | то 31 декабр | то 28 феврал | то 31 июн | то 30 сентябр |
Мақсад ва вазифаҳои маҷаллаи илмии тақризшаванда:
- инъикоси фаврии натиҷаҳои фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва илмию амалии ҳайъати профессорону омўзгорон, аспирантону унвонҷўён ва магистрантони Донишгоҳ, олимону муҳаққиқони муассисаҳои дигари таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ доир ба илмҳои таърих ва бостоншиносӣ, филология ва педагогӣ;
- густариши равобити илмии байналмилалӣ дар соҳаи илмҳои таърих, филология ва педагогика;
-фароҳамсозии шароит ба пажӯҳишгарон дар мавриди чопи натоиҷи тадқиқоти илмӣ дар соҳаи улуми башарӣ ва ҷомеашиносӣ;
- ташаккули мубоҳисаи озоди илмӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати рисолаҳои тадқиқотии илмӣ;
- ҷалби таваҷҷӯҳи муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба масъалаҳои нисбатан умда ва қобили пешрафти соҳаҳои улуми таърих, филология ва педагогика;
- эҷоди муносиботи илмӣ ва табодули назар миёни муҳаққиқони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, кишварҳои ИДМ ва мамолики дигари хориҷ;
- ташаккули фазои ягонаи иттилооту мухобироти илмӣ дар риштаи илмҳои таърих, филология ва маориф;
- тарғибу ташвиқи дастовардҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқоти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва макотиби олии дигари ҷумҳурӣ;
-татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия, аз ҷумла дар ҷараёни таълим;
Дар бахшҳои маҷаллаи илмӣ мақолаҳое ба табъ мерасанд, ки фарогири таҳлили масоили умдаи илми муосир ва натиҷаҳои пажӯҳишоти илмии мутахассисон дар риштаҳои улуми таърих, филология ва педагогика бошанд.
Дар бахши алоҳидаи маҷалла хулоса, тақриз, китобиёт ва маводи иттилоотӣ ба чоп мерасанд.
Меҳвари асосии мавзӯоти маҷалла фарогири натиҷаҳои тадқиқот оид ба илмҳои зерин ва соҳаҳои марбути он аст:
07.00.00 – Илмҳои таърих ва бостоншиносӣ
10.00.00 – Илмҳои филологӣ
13.00.00 – Илмҳои педагогӣ